30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо ҷараёни хизмати сарбозон шинос шуданд

Февраль 16, 2023 20:00

ҲИСОР, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ҳисор бо ҳаёти сарбозону хизматчиёни ҳарбии қисми низомӣ шинос гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ дар аввал бо шароити хобгоҳу ошхона ва ҳуҷраҳои таълимию машқи сарбозон шинос шуданд.

Сипас, сарбозон мусобиқаи ҳарбӣ доир карда, маҳорати хешро дар мавриди ба қисмҳо ҷудо кардани автомат ва дигар намуди яроқҳо бо чолокии махсус намоиш доданд. Донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ баҳри болидахотирии сарбозон барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод намуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баҳри иртиботи доимӣ ва шиносоӣ бо шароити будубоши афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ ҳайати устодону донишҷӯёни литсею коллеҷҳои шаҳр, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимиро ба қисмҳои низомӣ ҷалб намуда, барномаҳои ҳарбӣ- ватандӯстӣ, варзишию фарҳангӣ ва аксияҳои тозагию ободонӣ баргузор менамояд.

Ҳамзамон дар асоси супориши Раиси шаҳри Ҳисор масъулин муваззаф шудаанд, ки дар як моҳ на камтар аз ду маротиба аз қисмҳои низомӣ боздид карда, ба ҳалли мушкилоти аскарону афсарон мусоидат намоянд. Дар рӯзҳои идҳои миллӣ дар қисмҳои низомӣ барои сарбозон дастархон ороста, барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Февраль 16, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд