АҲСАНТ! Гӯштингирони тоҷик дар Узбекистон сазовори ду медали тилло шуданд
ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ байни наврасони U-15 ду медали тилло ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусобиқаи мазкур 10-11 феврал дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд ва дар он варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.
Аз ҷумла, Муними Мурод дар вазни 44 кг ва Амирҷон Обидов дар вазни 52 кг сазовори ҷойҳои якум, Ғаниҷони Шероз дар вазни 68 кг ва Боймуҳаммад Нортоҷев дар вазни 48 кг соҳиби ҷойҳои 3-юм гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст






