Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия: «264 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд»

Февраль 17, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Соли 2022 мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 483 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 247 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Дар нишаст иброз гардид, ки тавассути тадбирҳои андешидашуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар ва дигар тадбирҳои иловагӣ 264 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд. 164, 7 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ гузаронида шуда, 99,3 миллион сомонӣ ба пардохти воситаҳои пулӣ, даромад кардани молу мулк ва ҳисоббаробаркуниҳо равона гардид.

Ҳамзамон воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2155 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро нисбат ба 1176 нафар, инчунин бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор намуданд, ки 918 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомил мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод