Агентии омор барои беҳтар намудани шакли ҳисоботи оморӣ ва гузариш ба «ҳисоботи электронӣ» тадбирҳои муҳим андешидааст
ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида варақаҳои шакли ҳисобот барои регистри корхонаҳо ва 12 саволнома –модули тадқиқоти буҷети хонавода бо истифода аз планшет дар барномаи CsPro-ро ба усули электронӣ ба роҳ монд.
Имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки ин тадбир дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, беҳтар намудани шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва гузариш ба «ҳисоботи электронӣ» бо мақсади кам кардани сарбории ҳисоботсупорандагон андешида шуд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода афзуд, ки «фарогирӣ бо ҳисоботи электронӣ дар маҷмӯъ ба 62 шакли ҳисоботи омори давлатӣ ва таҳқиқоти оморӣ баробар шуда, ба 44 фоиз расонида шуд. Соли гузашта иҷрои корҳои оморӣ оид ба нархи молу маҳсулот тибқи нақша амалӣ гардида, бақайдгирии нархи молу маҳсулот ва хизматрасониҳо дар доираи иҷрои корҳои Барномаи муқоисакуниҳои байналмилалӣ низ амалӣ гардид. Дар доираи он аз ҷониби мутахассисони Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷадвалҳои электронӣ таҳия ва барои воридкунии маълумот пешниҳод карда шуданд».
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригардида Ҷамшед Нурмуҳаммадзода иброз намуд, ки бобати татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии мамлакат бо мақсади такмили низоми миллии омор барои инъикоси истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат ба ҳамкорӣ тақвият бахшида мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд






