Арабистони Саудӣ ба сокинони аз офатҳо зарардидаи Тоҷикистон кумаки башардӯстона мерасонад

Февраль 23, 2023 14:50

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як гурӯҳ кормандони Маркази дастгирӣ ва кумаки башардӯстонаи Шоҳ Салмон (Бунёди шоҳ Салмон) иштирок доштанд.

Ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масъалаҳои мусоидат ба таҳкими иқтидори техникии Кумита, таъсиси маркази симулятсионии дорои синфҳои интерактивӣ, харидани таҷҳизоти махсус барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, таҷҳизоти махсус барои наҷотдиҳандагон, расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии осебдидаро баррасӣ карданд.

Дар вохӯрӣ дар мавриди ироаи кумакҳои башардӯстона аз ҷониби Бунёди Шоҳ Салмон ба аҳолии аз ҳаводиси табиии зимистони имсола осебдидаи Тоҷикистон ва ҳамчунин ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар тавофуқ ҳосил шуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар Тоҷикистон ба 12 ҳазор оилаи ниёзманд кумак расонида мешавад. Бар асоси созишнома, кумакҳои Бунёди Шоҳ Салмон тавассути Кумита дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2023 ба ниёзмандон тақсим карда мешавад.

Сафари ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт марҳалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Тавре маълум аст, Бунёди Шоҳ Салмон якчанд тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоиро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст. Аз ҷумла, бо кумаки молии Бунёди мазкур соли 2018 бинои нави Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо харҷи қариб 1 миллион доллари америкоӣ бунёд гардид.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2023 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид