Аввалин хуруҷи вируси марговари Марбург дар Гвинеяи Экваториалӣ ба қайд гирифта шудааст

Февраль 15, 2023 14:32

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин хуруҷи вируси Марбург дар таърих дар Гвинеяи Экваториалӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Казинформ бо истинод ба Reuters.

13 феврал мақомоти ин давлат аз хуруҷи нахустин бемории шадиди гузаранда аз ҳамон оилаи вирусҳое, ки боиси сар задани табларзаи Эбола мешаванд, хабар доданд. Ба вируси Марбург оқибатҳои марговар хос аст.

Тахмин меравад, ки аллакай 9 нафар аз ин вирус дар ғарби кишвар дар музофоти Киентем фавтидаанд. Санҷишҳои пешакӣ гирифташуда ва ба Институти Пастер дар Сенегал фиристода барои табларзаи вирусии геморрагикӣ натиҷаи мусбат додаанд.

Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) хабар медиҳад, ки ҳоло 16 нафари дигар бо гумони вирус дар карантин қарор доранд. Ҳама аломатҳои хос доранд — табларза, хастагӣ, қайкунӣ бо омехтаи хун. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ як гурӯҳ коршиносонро барои дастгирии кормандони соҳаи тиб ба минтақа фиристод.

Дар музофот ҳаракат миёни ду деҳа, ки дар он ҷо ҳолатҳои зиёди гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, маҳдуд карда шудааст. Алоқаҳои эҳтимолӣ пайгирӣ карда мешаванд.

Ин аввалин сарзании беморӣ дар мамлакат ва сеюмин дар Африқои Ғарбӣ мебошад. Гана дар бораи чунин як ҳодиса соли гузашта хабар дода буд, Гвинея соле қабл.

Ин вирус ба одам тавассути кӯршапаракҳои мевагӣ мегузарад ва тавассути хун, наҷосат, арақ, оби даҳон ва манӣ байни одамон паҳн мешавад. Дар ҳоле ки ягон ваксина ё табобат мавҷуд нест, ба онҳое, ки гирифтори ин вирус шудаанд, тавсия дода мешавад, ки бештар об нӯшанд.

Хуруҷи қаблии вируси Марбург дар Африқо дар Ангола, Ҷумҳурии Демократии Конго, Кения, Африқои Ҷанубӣ ва Уганда ба қайд гирифта шуда буд.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: reuters.com

Февраль 15, 2023 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад