Ба таъсиси Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон 6 сол пур шуд

Февраль 22, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 22.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2017 дар арафаи 24- солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соҳиби иншооти нави таълимӣ гардид, ки дар расми ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин марказ коргоҳи дӯзандагӣ, толори маҷлису чорабиниҳои фарҳангӣ, бинои муосири таълимӣ ва таълимгоҳи радиотехникии идоракунии сарҳадро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти таълимию бозомӯзии сарҳадбонони мамлакат аз наздик шинос шуданд.

Маркази таълимии «Пойтахт» пойгоҳи асосии таълимию бозомӯзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, то имрӯз дар он шумораи зиёди сарбозони навдаъват, мутахассисони ҳарбии махсус, аз қабили минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо ва тирандозон ба бозомӯзию таълим фаро гирифта шуда, барои идома додани хизмат ба қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ сафарбар гардидаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои таълимӣ, таълимгоҳи радиотехникӣ, толори маҷлису чорабиниҳои фарҳангӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малака, омодагии ҳарбӣ, рӯҳияи сарбозӣ ва ҳисси худшиносию ватанпарастии муҳофизони сарҳад бунёд гардида, бо муосиртарин таҷҳизоти таълимию хизмати марзбонӣ таъмин мебошанд.

Бинои таълимӣ аз бист толори бозомӯзию такмили маҳорати низомӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосиру электронии ҳарбӣ-таълимӣ таъмин мебошад. Дар таълимгоҳ аз рӯи 18 ихтисос кадрҳои низомии ҷавон омода гардида, ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд ва он барои бевосита гузаронидани машқҳои таълимии низомӣ ва бозомӯзӣ бо истифода аз амалиёти электронӣ ниҳоят мувофиқ аст. Бартарияти таълимгоҳ дар он мебошад, ки машқҳои таълимии низомӣ ва таҷрибаҳои бозомӯзӣ бо истифода аз техникаю муҳимоти ҷангии электронӣ гузаронида шуда, аз ин ба баъд хароҷот ва масрафи зиёдатии яроқу дигар лавозимоти низомиро ҳангоми машқҳо ба маротиб коҳиш медиҳад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи фаъолияти ин гуна таълимгоҳҳои низомӣ, ки дар минтақа бемисланд, баҳои баланд дода, барои такмилу тақвияти маҳорату малакаи хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳ, беҳтар гардонидани шароиту имконияти хизмати марзбонӣ ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин гуна марказҳои таълимӣ ба роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Дар маҷмӯъ, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марз аз тадбирҳои муҳим ва асосие мебошанд, ки пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти нави Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи тадбирҳое буд, ки дар доираи талабот ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид