Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш навсозӣ мешавад

Февраль 14, 2023 11:29

ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон» таъмири асосӣ, навсозии таваллудхона, сохторҳои ёрирасон, барқароркунии коммуникатсияҳои муҳандисии берунаи Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш идома дошта, 60 фоизи корҳои сохтмонии он ба анҷом расидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Дар натиҷаи пурра анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани беморхона, таҷҳизотҳои муоссири тиббӣ насб карда шуда, хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи мазкур дар асоси созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федоролии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ, маблағгузории бонки олмонии рушд ва барқарорсозӣ амалӣ мегардад. Маблағи умумии амалишавии лоиҳа 3 миллиону 167 ҳазору 118 евро буда, ба ҳолати имрӯза 2 миллиону 853 ҳазору 956 евро аз худ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш аз наздик шинос шуда, ба масъулин барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳо супориш дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳудуди беморхона 3,53 гектарро ташкил намуда, биноҳои асосӣ ва ёрирасон дар 1,61 гектар ҷойгир мебошанд. Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дил, таваллуд, кӯдакона, сироятӣ, эҳёгарӣ, бемориҳои даруна, ҳуҷраҳои ёрирасони таҳлилгоҳ, қабулгоҳ, ёрии таъҷилӣ, рентген, хунгузаронӣ ва физиотерапӣ мебошад.

Инчунин беморхона дорои 173 кати хоб буда, 286 нафар кормандон, аз ҷумла 26 нафар духтурон, 165 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 50 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 45 нафар коргарони хизматрасони техникӣ кору фаъолият мекунанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 14, 2023 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид