«БОНУВОНИ ШУҶОИ ВАТАН». Таҳти ин унвон бо иштироки занону духтарони низомии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бонувони шуҷои Ватан» бо иштироки занону бонувони низомии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамоиш баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии мавқеи иҷтимоии занону бонувон ёдоварӣ карда шуд.
Тазаккур дода шуд, ки давлату ҳукумат муносибатҳоро оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба танзим дароварда, имрӯз занону бонувон ҳамчун неруи пешбаранда дар танзими сулҳу суботи ҷомеа нақши арзанда доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз давраи соҳибистиқлолӣ ба неруи занону духтарон ҳамчун қишри асосии ҷомеа такя намуда, ҷалби онҳоро ба фаъолият дар ташкилот ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла таъйин ба мансабҳои роҳбарикунанда дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлатӣ қарор додаанд.


Маҳз ҳамин дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумат аст, ки сол то сол теъдоди занону бонувон дар сохторҳои қудратӣ зиёд гардида, дар айни замон дар Суди Олӣ 249 нафар, Суди конститутсионӣ 9 нафар ба ҳайси судя ва ёрдамчии судяҳо, дар Прокуратураи генералӣ 72 нафар, Вазорати корҳои дохилӣ 1443 нафар, Вазорати мудофиа 519 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 842 нафар фаъолияти пурсамар дошта, дар умум 3 327 нафар занону бонувони матиниродаи тоҷик сарбаландона ба халқу Ватан хизмат намуда истодаанд.
Дар ҳамоиш озмуни тирандозии «Бонувони шуҷои Ватан», ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид, ҷамъбаст шуда, ба ғолибони он Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






