ЧАРО НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАСТ БА ҶИНОЯТ МЕЗАНАНД? Ва ё тарбияи дурусти фарзанд, пеш аз ҳама, вазифаи волидайн аст

Февраль 26, 2023 09:17

ДУШАНБЕ, 26.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2022 аз тарафи ноболиғон 737 ҳолат ва аз ҷониби ҷавонон 3572 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» нисбат ба волидайн зиёда аз 13 ҳазору 300 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангез ЛАТИФЗОДА ин мавзуъро пайгирӣ намуда, бо коршиносон ва масъулини соҳа дар бораи сабабҳои асосии ба ҷиноят даст задани наврасону ҷавонон суҳбат намуд.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ва баъзе ҷиноятҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон аксаран аз бемасъулиятии падару модарон ва риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба амал меояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 23 декабри соли 2022  аз кулли модарони тоҷик даъват ба амал оварда шуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро муаллими аввалини ҳар шахс  модар аст.

«Таваллуд кардем, тарбия низ бояд кунем. Бетарбия, ки монд, ба ҳар гуна равия меравад. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо раҳм ба падару модари худ низ намекунанд», — таъкид карданд Роҳбари давлат.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон пайваста кӯшиш намуда, мақомоти дахлдорро низ вазифадор менамояд, ки дар ин самт ҷиддӣ кор баранд. Аз ҷумла, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар муассисаҳои таълимӣ пайваста суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, бо мақсади тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, эҳтироми омӯзгорон, интихоби бошууронаи касб, аз байн бурдани низоъҳои байнисинфӣ ва байнимактабӣ Сарраёсат нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он дар тамоми муассисаҳои пойтахт соатҳои тарбиявӣ ва вохӯриҳо бо хонандагон баргузор менамояд.

«Дар маҷмӯъ, аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор вобаста ба тақвияти корҳои тарбиявӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани муноқишаҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон ва дигар омилҳои номатлуб соли 2022 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе 893 вохӯрӣ бо иштироки 223 ҳазору 671 нафар падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон баргузор карда шуд»,- гуфт Асомиддин Бобозода.

Чаро бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ масъалаи ҷинояткории ҷавонон ташвишовар боқӣ монда, риоя нагардидани талаботи қонун ба назар мерасад?

Ба андешаи омӯзгори синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилафрӯз Одинаева, барои тарбияи дурусти фарзанд ва дар рӯҳияи хайрхоҳӣ ба камол расонидани он, пеш аз ҳама, волидайн вазифадоранд.

«Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки нисбат ба тарбия ва ояндаи фарзандон хунукназарӣ намуда, бетарафӣ ихтиёр мекунанд, онҳоро ба ҳоли худашон мегузоранд, ки ин амал боиси ба ҳар кори нодуруст ва кирдорҳои номатлуб даст задани онҳо мегардад. Гарчанде имрӯзҳо бисёре аз падару модарон барои тарбияи дурусти фарзандон ва хату саводи хуб гирифтани онҳо кӯшиш менамоянд, дар ин баробар волидоне низ ёфт мешаванд, ки дар ин самт беэътиноӣ мекунанд. «Масалан, хонандае бе ягон сабаб дар дарсҳо иштирок намекунад. Вақте ки сабабашро аз волидонаш мепурсӣ, ба ҷойи ҳалли мушкилӣ  ба муаллим дағалгуфторӣ мекунанд»,-мегӯяд ӯ.

Омӯзгори синфҳои ибтидоии ҳамин муассиса Шаҳло Фахриддинова мегӯяд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ робитаи падару модар бо муассиса то андозае беҳтар шудааст. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ҷараёни тарбия ва хату саводи кӯдаки худ ҳамеша бохабар бошанд.

Пас маълум мегардад, ки аксаран падару модарон дар синни хурдӣ ба фарзанди худ диққат дода, дар зинаи болоӣ, дар давраи бисёр ҳассоси ҳаёти онҳо- ба балоғат расидан онҳоро беназорат мегузоранд.

Дилафрӯз Одинаева иброз медорад, ки волидайн бояд ҳамеша огоҳ бошанд, ки фарзандонашон дар кӯча бо киҳо дӯстию суҳбат мекунанд, ба тамошои кадом филмҳою барномаҳои телевизионӣ рағбат доранд, сатҳи фаҳмишашон чӣ гуна аст?  Ин гуна маълумот тарбияи фарзандонро барои онҳо осонтар месозад.

Коршиносон бар он назаранд, ки яке аз омилҳои ба роҳи рост ҳидоят намудани наврасон ба мутолиаи китоб ҷалб намудани онҳо мебошад.

Ба гуфтаи декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва санъати  ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф, сарчашмаи донишу маърифати кӯдак аз  оила сар мезанад.

Номбурда ба он назар аст, ки кӯдак дар кадом муҳите, ки ба воя мерасад, онро аз худ намуда, ба он тақлид мекунад. Барои ин, пеш аз ҳама, падару модарон ба тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.

«Ҳамзамон таҳқиқоти илмии хониши кӯдакону наврасон шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули фарҳанги мутолиаи кӯдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ имконияти мавҷудаи оила, муассисаҳои томактабӣ, мактаб, китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона ба қадри кофӣ ва самаранок истифода бурда намешаваду робитаи мутақобилаи онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест»,-мегӯяд ӯ.

Ба андешаи мавсуф, чорабиниҳои бо ин мақсад роҳандозишуда бештар гурӯҳӣ буда, бе назардошти психологияи синнусолӣ баргузор мегарданд ва натиҷаи онҳо аксаран аз рӯи нишондиҳандаҳои шуморавӣ арзёбӣ мегардад. Ҳол он ки дар ин маврид арзёбии мундариҷаи чорабиниҳо аҳамияти бештар дорад. Қисми муайяни падару модарон оид ба хониши фарзандони худ ва унсурҳои ба он алоқаманд бо мураббиён ва омӯзгорону китобдорон дар сатҳи зарурӣ ҳамкорӣ надоранд», -мегӯяд Зафари Шариф.

Бо мақсади беҳтарсозии робитаи мактабу оила «Барномаи электронии «eDonish» фаъол гардидааст

Ба гуфтаи Асомиддин Бобозода, бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт  бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ «Барномаи электронии «eDonish»» амалӣ гардида истодааст.

«Барномаи мазкур шуруъ аз соли нави таҳсили 2022-2023 дар 105 муассисаи таълимии пойтахт бо фарогирии 203 ҳазору 444 нафар хонандагон пурра роҳандозӣ карда шуда, татбиқи он яке аз воситаҳои муассир барои таҳким ва таъмини устувории робитаи оила бо муассисаҳои таълимӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барнома дорои унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои таълимӣ мебошад»,-иброз дошт Асомиддин Бобозода.

Педагогҳои барҷаста ба такрор таъкид намудаанд, ки ҳар бадбахтӣ, мусибат ва нокомию шикаст пайомади тарбияи  нодуруст аст. Тавре  шоири соҳибхиради тоҷик мегӯяд:

Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашмаи хуршед сар кашад, худрӯст.

Падару модаронро зарур аст, ки фарзандонашонро тарбияи хуб намуда, онҳоро ба омӯзиши илму ҳунар  роҳнамоӣ намоянд.  Ҷавононро чунон бояд тарбия  кард, то ба қадри озодию истиқлол  ва сулҳу осоиштагии Тоҷикистон  бирасанд, дар пойдории сулҳу субот ва рушд намудани  сарзаминамон   пайваста  талош намоянд.

Ба ақидаи равоншиносон, тарбия ҳанӯз аз батни модар оғоз мегардад. Модар бояд дар давраи ҳомиладорӣ ба хондани китобҳои бадеиву тарбиявӣ машғул шавад. Хубгуфториву муносибати хуб бо аҳли оилаву ҳамсоягон модари мушфиқу ғамхор буданро нишон медиҳад. Чӣ хулқу атворе, ки модар дорад, аксаран ҳамон хислатҳо ба фарзанд таъсир мерасонанд ва  мегузаранд.

Ба андешаи коршиносон, таълиму тарбия кори дастҷамъӣ буда, дар ин росто нақши оила, кӯдакистон ва мактабу ҷомеа басо муҳим аст.  Муассисаҳои таълимии томактабиро низ зарур аст насле тарбия кунанд, ки содиқу худогоҳ бошад, зеро эҳсоси гарми ватандӯстӣ аз кӯдакистон оғоз мешавад. Раванди таълим дар кӯдакистонҳо бояд низоми миллӣ дошта бошад. Педагогҳоро зарур аст, ки барои мутахассисони соҳаи тарбияи томактабӣ дастуру адабиёти зарурии миллӣ таҳия кунанд. Ин замина фароҳам меорад, то ҳар мураббию омӯзгор рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намояд.

Бузургони илму адаб дар мавриди тарбияи фарзанд

Мутафаккири барҷаста Муҳаммади Ғаззолӣ гуфтааст: «Фарзанд дар дасти падару модар амонат аст ва дили фарзанд нафису нақшпазир буда, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Абӯалӣ Ибни Сино дар рисолаи «Тадбири манзил» чунин гуфтааст: «Аввалин вазифаи падар- ин ба фарзанд номи накӯ мондан аст». Дар ҷои дигари рисола омадааст, ки бояд волидайн кӯдакро аз корҳои бад барканор намуда, ба онҳо маърифат омӯхта, одобу ахлоқи некро талқин кунанд.

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ менависад: “Падарам ҳар шаб маро таъкид мекард, ки дарсҳоямро шарросӣ аз ёд кунам, то ки фардо дар пеши домулло шарманда нашавам. Баъзан падар дарсҳоямро аз ёд хононда, гўш мекард. Агар бурро ва бе ғалат хонам, «боракалло, дарсҳоятро ҳамеша ана ҳамин тарз аз ёд кун!» мегуфт. Ман мехостам, ки маънии пурраи ҳамаи байтҳоеро, ки медонистам ё мешунидам, фаҳмида гирам. Дар ин бора ягона ёрирасони ман падарам буд, падарам дар ин хусус ба суолҳои ман пурра ва фаҳмо ҷавоб медод».

Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ,  «вақте ки падар машғули тарбияи хуби фарзанд мешавад, бояд ба фаҳму дарки кӯдак наздиктар бошад, то фарзанд хоҳиши падарро хуб бифаҳмад ва омӯхтанаш осон гардад:

Чун сару кори ту бо кӯдак фитод,
Ҳам забони кӯдакӣ бояд кушод».

Дар китоби панду ахлоқии  Унсурулмаолии Кайковус -«Қобуснома» дар мавриди тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама, падару модарон, омўзгорон масъул дониста шудаанд. «Пас бояд, ки ҳарчӣ омўхтанӣ бошад, аз фазлу ҳунар фарзандро биёмӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ… ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан…».

Бояд тазаккур дод, ки барои баланд бардоштани сатҳи тафаккур ва дараҷаи худогоҳии падару модарони ҷавон бояд ҷомеа низ бори масъулият бар дӯш дошта бошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 26, 2023 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид