Дар Душанбе оид ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конференсия доир карда шуд

Февраль 23, 2023 09:24

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо» — таҳти чунин унвон 20 феврал дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш доир ба ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша карда шуд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурӣ ва Роҳбари ташаббускор оид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои об ва ҳифзи захираҳои об эътироф гардидаанд, ки ин мояи ифтихор ва сарбаландии тоҷикистониён мебошад. Қабул ва дастгирии ташаббуси панҷуми Пешвои миллат оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби 154 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иқдоми беназир ва нодир арзёбӣ мегардад.

Дар ҳамоиш оид ба пешгирии норасоии оби ошомиданӣ ва самаранок истифода бурдани захираҳои об ибрози назар карда шуд.

Дар маърӯзаи Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо дар мавзӯи «Тоҷикистон-пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» гуфта шуд, ки таъсиси маркази мазкур марҳила ва раванди нави ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон буда, имкон фароҳам овард, ки илми пиряхшиносӣ дар ҷумҳурӣ густариш ёбад ва таҳқиқи пиряхҳои хурду бузург бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шавад. Ба ин васила коҳиш ва сатҳи аз байн рафтани пиряхҳо муайян гардида, натиҷаҳои назаррас ва маълумоти илман асоснок ба даст оварда шуданд.

Маркази омӯзиши пиряхҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, ба нақша гирифтааст, ки оид ба он барномаи илмӣ таҳия намояд.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо

Февраль 23, 2023 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд