Дар Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи чоруми машваратии роҳбаони давлатҳои Осиёи Марказӣ 21 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида буд. Дар он масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар вокуниши муштарак ба чолишҳои муосир ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ, идомаи табодули фаъоли фарҳангӣ ва башардӯстонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ карда шуд.
Дар ҳошияи вохӯрӣ санадҳои ниҳоӣ қабул карда шуданд. Аз ҷумла, сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ изҳороти муштарак қабул намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки рамзи ягонаи вохӯрии машваратӣ дар ҷаласаи сеюм аз ҷониби сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ шуда, муттаҳидии мардумони давлатҳои Осиёи Марказиро таҷассум менамояд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






