Дар Хатлон дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд гармхонаҳои муосир ва боғҳои интенсивӣ бунёд мешаванд

Февраль 20, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо кишоварзони вилояти Хатлон гармхонаҳои замонавӣ ва боғҳои интенсивӣ бунёд намояд. Ин матлаб зимни мулоқоти роҳбарияти вилояти Хатлон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд баён гардид, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

«Дар ояндаи наздик ҷиҳати рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон, фаъолияти босамари соҳибкорон, хоҷагидорон ва боғпарварон як зумра тадбирҳои муассир, аз ҷумла бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва боғҳои интенсивиро роҳандозӣ менамоем»,- изҳор доштанд намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи ин ҳамкорӣ соҳибкорону хоҷагидорон имкон доранд, маҳсулоти парваридаи худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешкаш созанд.

Ба гуфти масъулин, дар вилояти Хатлон баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ заминаҳои мусоид вуҷуд дошта, соҳибкорону кишоварзони вилоят метавонанд бо роҳандозии як қатор чораандешиҳо маҳсулоти сифатан беҳтарро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намоянд.

Иброз гардид, ки бо фаъол гардидани бахши хусусӣ, шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкории судманд миёни намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва соҳикорону кишоварзон метавон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашт.

АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Февраль 20, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд