Дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби ҲХДТ номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳавзаҳои интихоботии №1 ва №16 пешбарӣ гардиданд

Февраль 24, 2023 19:41

ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Конференсияи XXXVII ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳавзаҳои интихоботии №1 ва №16 баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ.

Дар кори конференсия роҳбарияти  ноҳияи Фирдавсӣ, кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Дар конференсия номзадии Умед Гуреззода аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳавзаи интихоботии №1 ва Ситора Абдумуминзода дар ҳавзаи интихоботии №16 пешбарӣ карда шуд.

Инчунин дар кори конференсия Низомномаи Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ тасдиқ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи мазкур 18 январи соли ҷорӣ дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз ҳисоби занону бонувони фаъол бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ таъсис дода шуд.

Дар идомаи кори конференсия роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба саҳм гузоштан дар татбиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва эълони иқдомоти роҳбарияти шаҳри Душанбе суханронӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва вакилони шаҳриву ноҳиявии ҳизбро мебояд дар давраи баҳору тирамоҳи соли 2023 ҷиҳати боз ҳам сарсабзу зебо гардонидани шаҳри Душанбе аксияҳои шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва гулҳои гуногунранги садбаргро дар ҳудуди корхонаву муассисаҳо ва дигар ҳудудҳои ноҳия бо ҷалби васеи фаъолони ҳизб баргузор намоянд.

Инчунин дар кори конференсия қарор дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ қабул гардид.

Дар фарҷоми конференсия оид ба масъалаи баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба як зумра ҷавононе, ки бо узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

 АКС: Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Февраль 24, 2023 19:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?