Дар Тоҷикистон соли 2022 беш аз 200 тонна маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар нобуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта ҳам дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҳам дар бозорҳои истеъмолӣ дар маҷмӯъ 65 озмоишгоҳ фаъолият карданд. Дар ин давра беш аз 200 тонна маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ зараровар, инчунин ба талабот ҷавобгӯ набуда мусодира ва нобуд карда шуд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар самти назорати воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ инчунин пешгирии воридот ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат, ки дар ин давра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат ворид карда шуд, мавриди ташхиси дақиқи мутахассисони мақомоти бехатарии озуқаворӣ қарор дода шуданд.
Сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт Абдулваҳоб Давлатов тазаккур дод, ки «дар нуқтаи сарҳадии Панҷи поён ҳангоми воридот аз Покистон мо 1600 кг сирпиёзро, ки ба талабот ҷавобгӯ набуд, бозпас гардонидем. Чунин ҳолат дар шаҳри Турсунзода низ рух до два 14 тоннаву 300 грамм панири истеҳсоли Федератсияи Русия, ки ба талабот ҷавобгӯ набуд, дар асоси дархости давлати содиркунанда бозпас гардонида шуд. Назорати молу маҳсулот дар дигар нуқтаҳои назорати сарҳадӣ низ ба роҳ монда шудааст».
Мавсуф афзуд, ки дар мавриди воридоти молу маҳсулот мо бо соҳибкорону воридкунандагони ватанӣ пайваста суҳбат менамоем. Онҳо низ кӯшиш мекунанд, ки молу маҳсулоти босифат ва ба талаботи бозор ҷавобгӯро ба мамлакат ворид намоянд. Бояд гуфт, ки нисбат ба солҳои қаблӣ воридоти маҳсулоти пастсифат кам шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз Ҷумҳурии Точикистон ба дигар давлатҳо 255 064 тонна маҳсулот, аз ҷумла меваҳои тару тоза, нахи пахта, меваи хушк ва ришта содирот карда шудааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






