ФОРУМИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИ МИНТАҚАИ БАЙКАЛ. Дар он фаъолияти донишҷӯёни дар хориҷ таҳсилдошта баррасӣ мешавад

Февраль 16, 2023 16:33

ДУШАНБЕ, 16.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҷавонони тоҷики минтақаи Байкал доир гардид, ки ҳадафи он ҳамоҳанг кардани фаъолияти донишҷӯёни дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта ва ҷалби онҳо ба сиёсати давлатӣ мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Зимни форум фаъолияти донишҷӯёне, ки тавассути квотаю стипендияҳои президентӣ ва бо дигар намуди имтиёз таҳсил доранд, бо мақомоти далдори ҷумҳурӣ ҳамоҳанг карда шуд.

Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳо ва сохторҳои марбутаи вилояти Иркутски Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки маҳз талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки имрӯз нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад.

Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Мувофиқи таҳлилҳои омории соли 2022, шумораи умумии ҷавонон дар Тоҷикистон 2,9 миллион нафар буда, 31 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Шумораи ҷавонони аз 14 то 30-сола 2,9 миллион буда, синни миёнаи аҳолӣ дар мамлакат 26 ва синни медиалӣ 23 солро дар бар мегирад. Аз соли 2015 то 2020 шумораи ҷавонон 27 ҳазор нафар ё 1 фоиз зиёд шудааст.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва барномаҳои дигар қабул гардиданд.

Ҳамчунин барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон аз 26 феврали соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд.

Аз 20 марти соли 2021 Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ доир ба корҳои намоён дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон таъсис ёфт.

Бояд гуфт, ки дар айни замон зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёт зарурӣ дар 38 давлати ҷаҳон таҳсил менамоянд. Донишҷӯёни тоҷик аз ҳама бештар дар Русия, Чин, Беларус, Қазоқистон ва ШМА таҳсил доранд.

Баҳри ҳавасмандии ҷавонони тоҷик Барномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шудааст, ки аз ғамхории Сарвари давлат ба насли ояндасози миллат шаҳодат медиҳад.

Ба иттилои расмӣ, танҳо соли 2022 қариб 100 нафар ҷавонон сазовори стипендияи мазкур гардида, барои забономӯзӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд.

Пешвои миллат зимни ҳар вохӯрию суҳбатҳояшон аз донишҷӯён даъват ба амал меоваранд, ки барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ талош намоянд, зеро рушди давлат аз кадрҳои босаводу забондон сарчашма мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябри соли 2022 зимни суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баён доштанд, ки «ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар хотиррасон менамоям, ки дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 16, 2023 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 оғоз гардид
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
Густариши ҳамкории илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Корея баррасӣ шуд
Байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ширкати академии «Bright»-и Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум имзо гардид
НИЗОМИ ДУВОЗДАҲСОЛАИ ТАЪЛИМ. Дар Тоҷикистон барои гузариш ба он омодагӣ мебинанд
Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ соҳиби ҷойи сеюм гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ кафили таъмини саодати халқ ва рушду пешрафти мамлакат аст
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ мавриди иҷро қарор медиҳанд
Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Пешвои миллат: «Барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ карда шавад»
Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор дар Камбоҷа 51 медал ба даст овард