Ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон ва таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба гардишгарон ҳамоиш доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар шаҳри Душанбе Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин меҳмонхонаҳои пойтахт вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд.
Таъкид гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати ташкили дурусти кор ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷону сайёҳон дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба мамлакат, таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад.
Дар Тоҷикистон ҳамасола саноати сайёҳӣ рушд ёфта, бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бештар такмил меёбад.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардидааст, «барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад».
Дар ин раванд бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии мамлакат, ташаккули бренди миллии фарогири имконоти сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад.
Аз намояндагони субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бобати пешниҳоди хизмати босифат ба меҳмонону сайёҳон, омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар риштаи сайёҳии дохилӣ, воридотӣ ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат бо назардошти шароиту имконоти мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст
Дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон се стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд
Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир гардид
Дар ноҳияи Мастчоҳ тадбирҳои агротехникӣ барои ҷамъоварии ҳосили зироат идома доранд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 оғоз ёфт
«ИСТИҚЛОЛ» — ЗУҲУРОТИ НАВИ АМЕТИСТ. Он бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст
Дар ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд
Раванди татбиқи барномаи иммунопрофилактика ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуд
Хати магистралии алоқаи «Душанбе–Хоруғ–Қулма» то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад
Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






