ИЛМ. Маҳсулоти аз селен бой метавонад ҳолати бемории Алтсгеймерро беҳтар кунад
ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаққиқони чинӣ чанде қабл далелҳоеро пешниҳод карданд, ки маҳсулот ва ҷузъҳои аз унсури кимиёвии селен бой ҳолати бемории Алтсгеймерро (БА) беҳтар мекунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Тадқиқоти нав нишон медиҳад, ки ҷузъҳои аз селен бойшуда метавонанд илтиҳоб ва фишори оксидшавиро боздоранд. Ин метавонад иқтидори эҳтимолии ғизо барои беморони гирифтори бемории Алтсгеймер гардад.
Бемории Алтсгеймер — бемории неврологӣ мебошад, ки бо аз даст додани хотира ва паст шудани қобилияти омӯзишӣ тавсиф карда мешавад. Ин беморӣ инчунин қобилияти шахсро барои иҷрои корҳои ҳаррӯза бадтар ва сифати зиндагии ӯро паст мекунад. Дар ҷараёни омӯзиши беморӣ муҳаққиқон ба ҷузъҳои бойи селен таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.
Гурӯҳи таҳқиқотӣ, ки ба он муҳаққиқони Институти микробиологияи Академияи илмҳои музофоти Гуандун ва дигар муассисаҳо шомил буданд, ҷузъҳои бойи селенро ҳамчун сохти эҳтимолии беҳтар кардани беморони гирифтори бемории Алтсгеймер омӯхтанд.
Ҷузъҳои аз селен бой дар бисёр растаниҳо ва микроорганизмҳо, ба монанди чиликгулҳо, сабзавот, хамиртуруш ва занбурўғҳо мавҷуданд.
Ғайр аз ин натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки гидролизи ферментативӣ ва табобати ҷисмонӣ, аз ҷумла коркарди гармӣ, автоклав ва коркарди ҷараёнҳои хурд усулҳои асосии тағйир додани хосиятҳои селен дар ғизо мебошанд.
Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи Critical Reviews in Food Science and Nutrition нашр шуданд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






