«ИНТЕРНЕТ БАРОИ ХОНА». МегаФон Тоҷикистон барои истифодабарандагон тахфифҳои 50-фоиза ба роҳ мемонад

Февраль 15, 2023 14:42

ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон барои истифодабарандагони хизматрасонии «Интернет барои хона» тахфифҳои панҷоҳфоиза ба роҳ мондааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати мазкур хабар доданд.

Тахфифҳои панҷоҳфоизае, ки то охири сол амал мекунанд, насия барои тарофаҳои солонаи МегаФон Тоҷикистон- истифодабарандагони хизматрасонии «Интернет барои хона» буда, онҳоро якбора бо ду иқдом хушҳол намуданд.

Иқдоми аввал- ин «GPON» аст, ки то 31 март идома ёфта, дар он сокинони Душанбе, ки дар маҳаллаҳои №21, 46, 61, 63 ва 64 дар хиёбонҳои С.Шерозӣ, Н.Қарабоев ва Ҷомӣ, кӯчаҳои Деҳотӣ, 50-солагии Тоҷикистон, Фирдавсӣ ва М.Қосимов зиндагонӣ мекунанд, метавонанд иштирок намоянд. Фарогирии яклухт аз рӯи технологияи «GPON» имкон медиҳад, ки интернети ноқилӣ аз МегаФон дар ҳар хона бо шартҳои муфид пайваст карда шавад. Тахфифи панҷоҳфоиза барои иштирокчиёни иқдом то охири сол амал хоҳад кард.

Иқдоми дуюм- ин «Тарофаи солона – ба насия» буда, барои онҳоест, ки тарофаҳои солонаро бо шартҳои муфид интихоб менамоянд. Дар ин ҳолат ҳангоми сари вақт пур карда натавонистани тавозун онҳо метавонанд аз қатъшавии интернет нигарон набошанд. МегаФон Тоҷикистон ва «Алиф Бонк» пешниҳод мекунанд, ки ба шабака бе фоиз ба насия пайваст шаванд.

Масалан, маблағи тарофаи солонаи «Барои Хона 3 Мбит/с»-ро дар ҳаҷми 720 сомонӣ бо истифода аз корти «Салом» аз «Алиф Бонк» метавон давоми як сол қисм ба қисм пардохт намуд.

Истифодабарандагони нави хизматрасонӣ бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки пайвасткунии «Интернет барои хона» дар суроғаи зарурӣ аз ҷиҳати техникӣ имконпазир аст. Ин корро метавон тариқи телефони 4747, дар сомонаи https://home.megafon.tj ё идораи марказии оператор бо суроғаи Рӯдакӣ, 89 анҷом дод.

«Мақсади ҳарду иқдом – то ҳадди имкон созгор намудани истифодаи хизматрасонӣ ба муштариён маҳсуб мешавад. Шартҳои махсус ва насияи пардохт имкон медиҳанд, ки сифати баланди интернети хонагӣ баҳогузорӣ карда шуда, ҳар аъзои оила бо он таъмин карда шавад», — иттилоъ доданд дар ширкати МегаФон Тоҷикистон.

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Февраль 15, 2023 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст