Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома доранд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома дорад. Бинои нави таълимӣ 9 ошёна буда, барои 4000 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо ҷараёни корҳои сохмонӣ бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шинос шуд.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимӣ бо маром идома дошта, ҷиҳати таъмини сифати баланди иҷрои нақшаи корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар бинои мазкур 140 синфхона бо таҷҳизоти муосири таълим муҷаҳҳаз ва 9 факултет ҷойгир карда мешавад. Мувофиқи лоиҳаи бино, 7 толори лексионӣ, 2 маҷлисгоҳи хурд ва 18 озмоишгоҳ мавриди истифода қарор дода шуда, барои пайвастан ба табақаҳои болоии бинои таълимӣ бунёди 4 лифт ва 5 зинапояи алоҳида ба нақша гирифта шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар партави сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар канори бинои таълимӣ бунёд намудани толори маҷлисгоҳ, бинои истиқоматӣ барои устодону кормандони донишгоҳ, кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ аз тамоми имконият истифода бурда мешавад.
Бунёди бинои нави таълимӣ бо мақсади муттаҳид намудани тамоми воҳидҳои сохтории донишгоҳ, ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ ва тарбиявиву варзишӣ анҷом дода мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад






