Коргоҳи коркарди асал дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба фаъолият оғоз кард

Февраль 21, 2023 09:09

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТОҶ АГРО» коргоҳи коркарди асал ба фаъолият оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ асал бо сифати баланд коркарда гардида, дар зарфҳои махсуси ороишӣ гирифта мешаванд ва бо банду басти муосир ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он содирот мегардад. Дар коргоҳи нав дар як шабонарӯз то 2 тонна асал коркард карда мешавад.

Мавриди ёдоварист, ки ҶДММ «ТОҶ АГРО» соли 2021 дар заминаи ҶДММ «Московский» таъсис ёфта, дар ҳудуди деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қарор дорад.

Ҷамъияти мазкур дар ихтиёри худ 66 гектар замини корами обӣ дорад, ки аз ин 36,8 гектарашро токзор ва 3 гектарашро боғи мевадиҳанда (себу зардолу) ташкил медиҳад. Аз 36,8 гектар токзор 24 гектараш боғҳои аз нав барқароршудаи яксола буда, 9 гектар токзори ҳосилдеҳ мебошад.

Ҷамъият инчунин дар масоҳати 3 гектар барои парвариши зироат ва дарахтони ситрусӣ 2 гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудааст. Дар айни ҳол дар гармхонаҳо парвариши помидор ва дигар намуди зироат ҷараён дошта, ҳосили он ба аҳолӣ пешкаш гардида истодааст.


Дар зертобеи он барои нигоҳдории ҳосили сабзавот, ангуру меваи боғу токзори худ ва хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия сардхона бунёд гардидааст, ки масоҳаташ 0,10 гектарро дар бар гирифта, ғунҷоишаш 1000 тоннаро ташкил медиҳад.

Гармхонаҳои ҷамъияти мазкур дар маҷмӯъ 3 гектарро дар бар мегиранд. Қисмати аввали он дар масоҳати 1 гектар моҳи октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар як давра аз як гектар 70 тонна ва давоми сол 140 тонна помидор истеҳсол карда мешавад. Истеҳсоли помидор дар як сол аз 3 гектар 420 тоннаро ташкил медиҳад. Помидори истеҳсолнамуда ба бозори дохилӣ ва хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Февраль 21, 2023 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад