Маркази миллии қонунгузорӣ барои такмили механизми татбиқи қонунҳо беш аз 600 таклиф пешниҳод намуд

Февраль 2, 2023 13:36

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта аз ҷониби кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду консепсия -Консепсияи такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Консепсияи лоиҳаи Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуд. Дар ин хусус имрӯз Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки ҳамзамон лоиҳаи Методикаи арзёбии хароҷоти субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба таҳлили таъсири танзимкунӣ ва Методикаи таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо таҳия карда шуд.

Доир ба фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода таъкид намуд, ки Марказ фаъолиятро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, бо мақсади дар амал татбиқ намудани консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ, инчунин дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ 7 нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ намуд.

«Инчунин бо ташаббуси Марказ 16 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуда, 135 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи қонунҳои намунавӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Марказ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз лиҳози илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи қонунҳо ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 623 таклиф пешниҳод намуд»,-иброз дошт Изатулло Саидзода.

Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва фаҳмондани муқаррароти асосии қонунгузорӣ аз ҷониби кормандони Марказ 185 мулоқоту баромад тавассути воситаҳои ахбори омма ва сафарҳо ба маҳалҳо анҷом дода шуд.

Фаъолияти нашриявӣ, хусусан чопи маводи ҳуқуқӣ яке аз самтҳои фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Презимденти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли гузашта тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», нашри аввал, тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри чорум, «Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон», китоби дарсӣ, қисми махсус, инчунин монографияҳо дар мавзӯъҳои «Танзими ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Институти шартномаи меҳнатӣ: ташаккул, ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушд дар Тоҷикистон (бо забони русӣ)» ва маҷаллаҳои илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ», «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ»-и Марказ чоп гардиданд. Онҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузориӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар мамлакат 14 сол муқаддам, аниқтараш 17 марти соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2023 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Пекин вазъ ва дурнамои татбиқи санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Чин дар самти мақомоти иҷро баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Ҳамкории илмию таҳлилии Тоҷикистон ва Олмон густариш меёбад
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад