Муовини Сарвазири мамлакат бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос гардид

Февраль 27, 2023 20:20

ТУРСУНЗОДА, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода 305 гармхона дар майдони умумии 38,95 гектар бунёд гардидааст, ки айни замон дар 6,20 гектари онҳо помидор, 1,40 гектар бодиринг, 1,70 гектар гул, 5,48 гектар лимӯ ва 1,36 гектар дигар намуди сабзавот парвариш када мешавад. Кишоварзони шаҳр талош доранд, ки бо помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавоти барвақтӣ бозорҳои мамлакатро таъмин намоянд. Дар ин хусус зимни шиносоии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи воқеии боғу токзор, парвариши сабзавот дар гармхонаҳо, ҳолати омодагии иншооти обёрӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва омодагии кишоварзон ба мавсими кишти баҳорӣ дар шаҳри Турсунзода, ки 21 феврал ҷараён гирифт, иттилоъ дода шуд.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни боздид муовини Сарвазири мамлакат ва аъзои гурӯҳи корӣ бо кишоварзони шаҳри Турсунзода суҳбат намуда, ба онҳо барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар идома меҳмонон аз пойгоҳҳои обкашии оби полезии шаҳр дидан намуданд.

Сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр Сорбон Рӯзиев иттилоъ дод, ки дар шаҳри Турсунзода 22 канали худҷорӣ мавҷуд аст, ки ба ин восита 13 ҳазору 459 гектар заминҳои шаҳр пурра обёрӣ мешавад. То имрӯз бо дарозии 32 километр каналҳои мазкур тоза карда шуд. Ҳамчунин дар шаҳр 5 адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуд аст, ки он барои таъмини оби полезӣ дар соли равон омода мебошад. Бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳр 2 адад насоси обкашӣ насб карда шуд, ки ба ин восита 40 гектар замин обёрӣ мешавад.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ба масъулини шаҳри Турсунзода ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, истифодаи босамари замин ва саҳмгузорӣ барои расидан ба амнияти озуқворӣ як қатор супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Февраль 27, 2023 20:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд