Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон аз Туркия ба Ватан бармегарданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби 22 ба 23 феврал дар ҳайати пурра аз Туркия ба Ватан бармегарданд. Тавре маълум аст, наҷотдиҳандагони тоҷик дар ин давлат, ки аз заминларзаҳои шадид зарари калон дид, дар корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар медиҳад.
Гурӯҳи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз 50 нафар наҷотдиҳандагон ва табибон иборат мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки 20 феврал Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган зимни сафари корӣ дар вилояти Ҳатай бо кори ҷустуҷӯию наҷотдиҳии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.
Ӯ зимни суҳбат бо наҷотдиҳандагони тоҷик ба кори онҳо баҳои баланд дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми халқи тоҷик барои кумаку дастгирӣ дар чунин лаҳзаи барои мардуми Туркия мушкил, ки дар паҳлуи онҳо қарор гирифта, кумаки башарӣ расониданд ва имдодгаронашон дар корҳои ҷустуҷӯиву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






