НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар татбиқи 32 лоиҳа дар шаҳри Роғун саҳми соҳибкорону саховатпешагон 14,6 миллион сомониро ташкил медиҳад

Февраль 9, 2023 21:16

РОҒУН, 09.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025 татбиқи 88 лоиҳаи рушди хоҷагии халқ ба маблағи 204,8 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Давоми соли 2022 дар доираи 32 лоиҳа ба маблағи 20,7 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расиданд, ки 14,6 миллион сомонии он саҳми соҳибкорону саховатпешагон мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло САИДЗОДА иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар айни замон дар 8 лоиҳаи дигар, аз қабили бинои хариду фурӯши нақлиёт ва таъмири онҳо, бинои меҳмонхонаю ошхона дар шафати роҳи байналмилалии Душанбе-Рашт, бинои меҳмонхона, осоишгоҳу ошхона дар шаҳраки Оби гарм, бинои муассисаи таълимии рақами 11, бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 19 иборат аз 10 синфхона, бинои хобгоҳи Хонаи бачаҳо дар шаҳраки Оби гарм, бинои маъмурии Прократураи шаҳр ва роҳи 11-километраи даромади шаҳр корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст, ки иборат аз 105 иншооти гуногун мебошад. Хушбахтона, то имрӯз 7 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар қисми зиёди онҳо идома доранд.

Иншооте, ки бахшида ба ин ҷашни фархунда сохта мешаванд, аз муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ, гулгаштҳо, коргоҳи дӯзандагӣ, марказҳои сайёҳӣ, дорухона ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ иборат мебошанд.

Мардуми шаҳри Роғун дар якҷоягӣ бо соҳибкорон зиёда аз 78 иншоот бунёд намуда, дар ободонии диёри хеш саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2023 21:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд