НИШАСТИ МАТБУОТӢ. ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» омили асосии зиёд шудани талафоти барқро номбар намуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сабаби зиёд шудани талафоти неруи барқ дар солҳои 2021-2022 дар он аст, ки қаблан барои сабти нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқӣ ва ҳисоби масрафи неруи барқ муҳлати муайян муқарар карда нашуда, дар натиҷаи дар муҳлати дуру дароз сабт ва ҳисобӣ намудани ҳаҷми барқи сарфшуда марзи давраи ҳисоботӣ гум мешуд. Ин ҳолат боиси нодуруст ба иҷро расидани ҳисоби масрафи неруи барқ ва талафот гардида, дақиқ муайян намудани нишондиҳандаҳои мазкур ғайриимкон мегардид. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотии ҶСК «Барқи тоҷик» иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки шурӯъ аз ҷамъбасти моҳи январи соли 2021 барои ҳисоби масрафи барқ ва бақайдгирии нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқӣ 120 соат муайян карда шуда, баъди гузаштани ин муҳлат ворид намудани маълумот ба барномаи биллингӣ манъ карда шуд.
Бинобар сабаби то ҳол дар истифода қарор доштани шумораи зиёди ҳисобкунакҳои кӯҳнашудаи индуксионӣ, дар деҳаҳои дурдаст воқеъ будани муштариён ва дар барномаи биллингӣ ворид кардани муштариёни вуҷуднадошта соли 2022 ба ҳисоби миёна 7,9 фоиз ё 130 652 муштарӣ гардиш нашудааст.
Ба гуфтаи масъулин, таҳлили барномаи биллингӣ нишон дод, ки дар солҳои қаблӣ ба муштариёни аҳолӣ ҳаҷми зиёди неруи барқ ҳамчун истифодашуда нишон дода шудааст, ки ин ба воқеият умуман наздик нест. Инчунин барои паст нишон додани нишондиҳандаи талафоти неруи барқ муштарии вуҷуднадоштаро ба барнома ворид мекардаанд, ки аз ин барнома баровардани онҳо барои ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» то ҳанӯз мушкилӣ эҷод намуда истодааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






