НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2022 дар Тоҷикистон 124 муассисаи тандурустӣ бунёд карда шуд

Февраль 12, 2023 17:46

ДУШАНБЕ, 12.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли 2022 124 муассисаи тандурустӣ бунёд карда шуд, ки инҳо 101 муассисаи КАТС, 16 муассисаи госпиталӣ ва 7 муассисаи хусусӣ буда, дар 65 муассисаи тандурустӣ (51 муассисаи КАТС, 11 муассисаи госпиталӣ ва 3 муассисаи хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар ин хусус 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки барои пурра таъмин намудани муассисаҳои тандурустии мамлкат бо кумаки аввалин соли сипаригардида 115 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ, аз ҷумла 6 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 50 адад ба вилояти Хатлон, 28 адад ба вилояти Суғд, 12 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 16 адад ба шаҳри Душанбе ва 2 адад ба муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас карда шуданд.

Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки теъдоди умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 21 170 ва 61 383 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 1,8 ва 1,7 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмӯъ 13 232 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2021 10,7 фоиз зиёд мебошад. Дар соли сипаригардида 316 нафар мутахассисон даврҳои бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимии хориҷи мамлакат гузаштанд, ки нисбат ба соли гузашта 3 баробар зиёд мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2023 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад