НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли гузашта наздик ба 1 миллион нафар сайёҳон ба тамошои Тоҷикистон омадаанд

Февраль 10, 2023 10:11

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта 999,3 ҳазор нафар  сайёҳони хориҷӣ ба   Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, ки  ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 3,4 маротиба ё худ 703 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус   имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзода хабар дод.

Тазаккур дода  шуд, ки  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон 4 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад. Лоиҳаҳои   мазкур ин «Рушди сайёҳӣ» аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 10 миллион доллари ИМА,  «Рушди иқтисодиёти деҳот» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 15 миллиону 750 ҳазордоллари ИМА,  «Баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва саноати бофандагӣ ва мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ» аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба маблағи 2 миллиону 750 ҳазор доллари ИМА ва ду лоиҳаи хурд аз ҷониби Дафтари Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 111 ҳазор Евро мебошанд.

Дар нишаст  иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон  242 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла  дар ВМКБ 50 ширкат, вилояти Суғд 43 ширкат, вилояти Хатлон 19 ширкат, шаҳри Душанбе 112 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ширкат  фаъолият мекунанд.

«Соли 2022 барои дар сатҳи муносиб хизмат расонидан ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ 100 адад ва дар зарфи 5 соли охир 600 адад иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудан», — гуфта шуд дар нишаст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2023 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад