Олимони тоҷик 28 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 28 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 15 қарори мусбат оид ба додани патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираҳои иттилоотӣ ба даст оварда шуд. Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 20 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.
Фарҳод Раҳимӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳор дошт, ки “соли 2022 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 114 мавзӯъ, аз ҷумла 71 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 16 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 27 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд”.
Дар соҳаи физикаю техника технологияи истеҳсоли кристаллҳои сунъӣ, ғанӣ гардонидани сангҳои қиматбаҳо ва аз партовҳои минералӣ ҳосил намудани кристаллҳо коркард гардид. Аз ҷумла, бо усули кристаллизатсияи сунъӣ аз партовҳои Кӯҳи Лаъл якумин маротиба кристалли шпинел- лаъл, ки шафофи сурхчатоб аст, ҳосил карда шуд.
Дар самти омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология муқаррар карда шудааст, ки иншооти ирригатсионӣ дар ҳавзаи Зарафшон имконият медиҳанд, ки НБО-ҳои хурд ба таври илова дар як сол зиёда аз 11,4 млн. кВт/соат энергияи электрикӣ истеҳсол намоянд. Барои кам кардани сарбории тобистонаи шабакаҳои мутамарказ аз ҳисоби обёрӣ ва дигар истеъмолкунандагон соле ҳамагӣ 5 моҳ– аз моҳи май то сентябр ба кор андохтани НБО-ҳои хурд пешбинӣ шудааст.
Инчунин зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қариб 3400 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 200 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 3170 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 2830 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 230 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва қариб 110 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






