ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқа тамринҳои аввалинро анҷом дод

Февраль 28, 2023 11:03

ДУШАНБЕ, 28.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тамринҳои аввалини худро дар майдони Академияи «Бунёдкор» анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев 26 феврал барои иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Узбекистон дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун, Уммон ва Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад.

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон 2 март бозии якумашонро бо тими Урдун доир менамоянд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд соати 17:00 оғоз мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 28, 2023 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид