«ПОМИР КАШМИРӢ». Маҳсулоти ин корхонаи хурди ресандагии ноҳияи Роштқалъа ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбад

Февраль 20, 2023 21:01

ХОРУҒ, 20.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи хурди ресандагии «Помир Кашмирӣ» дар деҳаи дурдасти Занудҷи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа ҳамагӣ як моҳ пеш ба фаъолият шурӯъ карда бошад ҳам, давоми ин муддат ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва ба фурӯш баровард. Ҳарчанд ки чунин корхонаҳо қаблан низ аз пашми бузи ангорӣ ришта мебофтанд, аммо онҳо маҳсулоти нимтайёр омода карда, ба шаҳри Ҳироти Афғонистон интиқол медоданд, хабар додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Яке аз масъулини Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Помир Кашмирӣ» Сиҷотхон Мулкамонов гуфт, ки “пашми бузи кашмирӣ дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад. Ба хотири он ки сокинони деҳаи мо ба парвариши ин намуди чорво машғуланд, тасмим гирифтем, ки дар деҳа чунин корхона бунёд кунем. Ба корхона аз ширкатҳои бонуфузи Канада технологияи муосир оварда шуда, онро мутахассисони маҳаллӣ васлу насб намуданд. Ҳоло дар ин корхона 17 нафар кор мекунанд, ки 10 нафари онҳо занону духтарон мебошанд. Бо ривоҷ ёфтани тиҷорат теъдоди коргарон бештар мегардад”.

Риштаҳои хушсифате, ки аз пашми бузи кашмирӣ истеҳсол карда мешаванд, дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд. Бинобар ин ояндаи наздик масъулини Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Помир Кашмир» ният доранд, ки бо ширкатҳои тиҷоратии давлатҳои Аврупо ва Америка қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Чанд нафар аз сайёҳони хориҷӣ маҳсулоти ин корхонаро харид намуда, ваъда доданд, ки баъди ба ватан баргаштан барои пайдо намудани шарикони ҳамкор ба ин корхона кумак мерасонанд.

Аксари сокинони ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба чорводорӣ шуғл меварзанд ва шумораи саршумори чорвои майда, аз ҷумла бузҳои кашмирӣ дар хоҷагиҳои фермерӣ ва хоҷагиҳои инфродӣ дар ҳоли афзоиш аст. Азбаски риштаи пашми бузи кашмирӣ дар бозори ҷаҳонӣ қимати баланд дорад, шавқу рағбати чорводорон низ ба парвариши ин намуди чорво тайи чанд соли охир бештар шудааст. Ин омил сабаби боз ҳам равнақ ёфтани корхонаҳои хурди ресандагӣ дар ноҳияҳои вилоят мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар

Февраль 20, 2023 21:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд