Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара соли 2022 барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ 15 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Февраль 12, 2023 12:26

ДУШАНБЕ, 12.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара соли 2022 барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ бо беш аз 15 шарики минтақавӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба ҷамъбасти фаъолияти илмӣ-таълимӣ, робитаҳои хориҷӣ ва иқтисодиву ободонӣ дар соли 2022 иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки ҳайати омӯзгорон ва профессорони Донишгоҳ ҷанбаҳои амалии корҳои илмии анҷомдодаи худро дар корхонаҳои саноатӣ ва марказҳо, аз ҷумла, дар Маркази ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Данғара, Озмоишгоҳи санҷиши байторӣ, Кооперативи истеҳсолии “Раҳмонҷон”-и ноҳияи Данғара, Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ҶСП “Ҷунтай-Данғара синсилу текстил”, Хоҷагии деҳқонии “Баҳористон”-и ноҳияи Данғара, ҶДММ “Шири Данғара” ва ҶДММ “Фармтекс”-и ноҳияи Данғара аз ташхис мегузаронанд.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара чунин озмоишгоҳҳо ва марказҳои таълимӣ-инноватсионӣ: Маркази озмоишгоҳии таълимӣ-илмӣ ва инноватсионии «Технологияи дизайн ва рушди соҳибкорӣ», Маркази озмоишӣ ва тадқиқотӣ дар самти кишоварзӣ (гармхона), Маркази таълимӣ-омӯзишии мӯди «Чаманоро» ва Маркази таълимӣ-омӯзишии лоиҳаи рушди таҳсилоти олии «Рушди ҳамкории шабакавӣ байни донишгоҳҳо дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» амал мекунанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара

Февраль 12, 2023 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид