Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо шароити хизмат дар қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Душанбе шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Ин нукта дар мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мулоқот ба ифтихори 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Роҳбарияти донишгоҳ бо шароиту имконияти хизмат дар ин қисми низомӣ шинос гардида, ба пойгоҳи он ва шароити зисти сарбозон баҳои баланд доданд. Ҳайати сарбозону афсарони ин қисми низомӣ вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худро, ки ба ҳифзи марзу бум, амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум нигаронида шудаанд, сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Таъкид шуд, ки шароити фароҳамсохтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соҳаи мудофиавии мамлакат ҳар афсару сарбози ин ниҳоди қудратиро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ба Модар-Ватан хизмати содиқона анҷом диҳанд.
Дар анҷом кумакҳои моддии раёсати донишгоҳ ба сарбозону афсарон тақдим гардида, барои хизматчиёни ин қисми низомӣ дастархони идона ороста шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






