Садорати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодону донишҷӯёнеро, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, ҳавасманд мекунад

Февраль 13, 2023 17:30

ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Садорати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодону донишҷӯёнеро, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, ҳавасманд мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар робита ба ин шумораи иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баргузор мегарданд, аз ҳисоби устодон, кормандон ва донишҷуёни Донишгоҳ зиёд мегардад.

Роҳбарияти донишгоҳ пайваста барои ҳавасмандгардонии устодону донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла тибқи як тасмими садорати донишгоҳ ба устодоне, ки шогирдонашон дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойи аввал мегарданд, аз ҳисоби донишгоҳ 10 000 сомонӣ мукофот дода мешавад. Хамчунин донишҷӯёне, ки дар ин озмун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, ҳавасманд гардонида шуда, дастгирӣ  меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли сеюм аст, ки таҳти cарпарастии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Аз ҷумлаи ҳадафҳои баргузории ин озмун  рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки  дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  33 озмоишгоҳи илмӣ, 103 озмоишгоҳи таълимӣ, Маркази биотехнологӣ, Парки технологӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ барои дар сатҳи баланду босифат ва талаботи муосир  гузаронидани  корҳои лабораторӣ ва илмию таҳқиқотӣ мавҷуд мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 13, 2023 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд