Шаҳрҳои дорои сатҳи баландтарини зӯроварӣ дар сайёра номбар шуданд

Февраль 28, 2023 15:18

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз шаҳрҳои Мексика аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 шаҳри дорои сатҳи баландтарини зӯроварӣ дар сайёра номида шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус АБИ  «Казинформ» бо истинод ба Mexico Daily Post  иттилоъ додааст.

Шаҳри Колимаи Мексика дар сархати гузориши Шӯрои шаҳрвандӣ оид ба бехатарии ҷамъиятӣ ва адолати ҷиноӣ бо нишондиҳандаи 181,94 куштор ба 100 000 нафар аҳолӣ дар раддабандии 50 шаҳр бо баландтарин сатҳи зӯроварӣ дар ҷаҳон  дар соли 2022 қарор дорад.

Бояд гуфт, ки соли 2022  аз 10 нуҳ шаҳри хатарноктарин дар ҷаҳон шаҳрҳои Мексика будаанд, ки инҳо Колима, Самора, Сюдад-Обрегон, Сакатекас, Тихуана, Селайя, Уруапан, Хуарес ва Акапулко мебошанд.

Ба  даҳгонаи шаҳрҳои хатарноктарин инчунин Орлеани Нав дар ШМА низ ворид гардид. Ғайр аз ин, тақрибан чор шаҳр дар Венесуэла бо сабаби набудани маълумоти аниқ ба гузориш дароварда нашудаанд.

Аз 50 шаҳри дар рӯйхати соли 2022 буда 17-тоаш дар Мексика, дар 10-то дар Бразилия, 7 адад дар ИМА, 6 адад дар Колумбия, 4-то дар ҶАҶ,  2-то дар Гондурас  ва яктоӣ дар Пуэрто — Рико, Гаити, Эквадор ва Ямайка ҷойгир мебошанд.

Мувофиқи иттилои бюрои Америкаи Лотинии Вашингтон «WOLA», ки ба пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ бахшида шудааст, то моҳи майи соли 2022 дар Мексика беш аз 100 ҳазор нафар бедарак шудаанд. Ва ин рақам ҳар рӯз меафзояд. Чоряки шахсони гумшуда занон ва духтарон мебошанд. Аз 100 ҳазор тақрибан 16 ҳазор ноболиғ мебошанд. Танҳо соли 2021 дар ин давлат 10 ҳазор нафар бедарак шудаанд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «Казинформ»

Февраль 28, 2023 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд