Соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Нижегород 13 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Февраль 11, 2023 13:18

ДУШАНБЕ, 11.02.2023 /АМИТ«Ховар»/.  Соҳибкорони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нижегороди Федератсияи Русия зимни форуми тиҷоратӣ 13 шартномаи ҳамкорӣ байни корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилоятҳо ба имзо расониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Федератсияи Русия дар соли гузашта 616,6 миллион долларро ташкил дода, иқтидори мавҷуда имкон медиҳад, ки ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот ба маротиб зиёд карда шавад.

Дар кори форум масъулини идораҳои давлатии ду вилоят доир ба имкониятҳои ду тараф иттилоъ доданд. Аз ҷумла ба соҳибкорони вилояти Нижегород доир ба навгониҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд, сармоягузорӣ ва захираву имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дода шуд.

Сипас, роҳбарияти ҳар ду вилоят ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз пахта, истихроҷу коркарди маъдан ва металҳои қиматбаҳо, дорусозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшту шир, мошинсозӣ баррасӣ карданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 11, 2023 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад