Соли 2022 ба беш аз 11,3 ҳазор нафар ҷавононе, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рухсат гардидаанд, кумакпулӣ пардохт карда шуд

Февраль 20, 2023 17:15

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2022 ба 11 ҳазору 338  нафар ҷавононе, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат шудаанд, дар ҳаҷми 7 млн 151 ҳазору 365 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини аввали Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Носирзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки кумакпулӣ ба  шарҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд, ба маблағи 600 сомонӣ тӯли се моҳ пардохт карда мешавад. Шахси бекор моҳе як маротиба аз нав аз қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ мегузарад.

«Соли 2023 барои шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои иҷрои ҷиноӣ озод мешаванд, ба маблағи 17,5 млн сомонӣ кумакпулӣ пешбинӣ гардидааст.  Шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд, билети ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд, бояд маълумотномаи озодшавӣ пешниҳод намоянд.  Мавҷуд набудани яке аз ин ҳуҷҷатҳо барои ба қайд нагирифтани шаҳрванд ҳамчун шахси бекор асос шуда метавонад»,-тазаккур дод ў.

Номбурда таъкид кард, ки дар сурати пурра пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои муайянгардида аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии мамлакат ба шаҳрванд аз рӯи ихтисос ва ё касби доштааш ҷойи кор пешниҳод карда мешавад. Агар шаҳрванд соҳиби ихтисос ва ё касб набошад, бо касбомӯзии ройгон ва стипендия фаро гирифта мешавад».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби Хукумати мамлакат ба як гурӯҳ шахсон дар асоси моддаҳои 24, 25, 26, 27, 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва моддаи 169 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулӣ пардохт карда мешавад. Тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ соли 2022  ба 13 ҳазор нафар ба маблағи 9,6 млн сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъйин ва пардохт гардид, ки ин ба 121,1 фоизи нақшаи солонаи барнома баробар аст.

Шаҳрвандоне, ки ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат мекунанд, ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, дар ин ҳолат ба онҳо тибқи барномаҳои махсус кумакпулиҳо пардохт карда мешаванд. Пардохти кумакпулӣ мувофиқи музди миёнаи меҳнати шаҳрвандони бекор дар ҷойи кори охирин зимни аз ташкилот озод шуданашон, инчунин ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷиноӣ озод шудаанд, пешбинӣ гардидааст. Кумакпулӣ барои давраи бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақалли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Ба шаҳрвандоне, ки аз корхона, ташкилоту муассисаҳо бо сабаби барҳамхӯрӣ, ихтисор намудани шумора ё ҳайати корӣ аз кор озод карда шудаанд, кумакпулӣ барои бекорӣ дар моҳи аввал дар ҳаҷми 50 фоизи музди миёнаи меҳнат аз ҷойи кори охирин (бо назардошти коэффитсиентҳо), ки дар 6 моҳи охири корӣ ҳисоб карда шудааст, моҳи дуюм дар ҳаҷми 40 фоиз ва моҳи сеюм дар ҳаҷми 30 фоизи музди миёнаи меҳнат таъйин карда мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2023 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон ба бемории гайморит аз беэҳтиётӣ нисбат ба саломатӣ гирифтор мешавад
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
Соли 2024 фаъолияти беш аз 600 иншооти соҳаи тандурустӣ муваққатан манъ карда шуд
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт
Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҷони нафарони зиёдро наҷот додааст
«ЗАНОН ВА ПАЁМ». Дар Хатлон 50 ҳазор занон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд
Дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳии Тоҷикистон хатари лағжиши тарма ва резиши сангу рег пешбинӣ мешавад
Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад
Чаро ғизои дар ҳавопаймо дастрас маззаи хӯроки маъмулиро надорад?