«СУРАҶКУНД МЕЛА-2023». Фарҳанги мардуми тоҷик дар Фестивали байналмилалии Ҳиндустон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 19 феврал дар шаҳри Сураҷкунди Ҳиндустон бо иштироки намояндагони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд Мела — 2023» баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҳунармандони Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.
Дар фестивали мазкур инчунин намояндагон — ҳунармандони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз Федератсияи Русия, Қирғизистон, Узбекистон, Арманистон ва 50 давлати ҷаҳон иштирок карда, санъату ҳунари миллати худро муаррифӣ намуданд.
Аз Тоҷикистон дар Фестивал панҷ нафар ҳунармандони дастаи Ансамбли рақсии «Чаман»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, 4 нафар сарояндагони Ансамбли «Фалак»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаш нафар ҳунармандону ошпазон иштирок намуданд.


Ҳайати Тоҷикистон ба иштирокдорону меҳмонони Фестивал суруду рақсҳои миллӣ, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, либосҳо ва хӯрокҳои миллиамонро, ки таъриху фарҳанги миллати тоҷикро бозгӯӣ менамуданд, намоиш доданд.
Инчунин дар гӯшаи намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон армуғони зиёди ҳунарҳои мардумӣ — гулдӯзию сӯзаниҳои тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар намоишгоҳ сайёҳон ва ширкаткунандагони Фестивал аз меҳмоннавозию меҳмондории миллати тоҷик баҳравар шуданд. Ошпазони моҳири тоҷик оши палави тоҷикӣ омода карда, ба дӯстдорони таомҳои миллии тоҷикӣ ва миллатҳои гуногун пешниҳод намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






