ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, панҷшанбе, 40-умин рӯзи соли 2023 аст

Февраль 9, 2023 08:00

9 феврали соли 2009 дар пойтахти Латвия-шаҳри Рига Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

***

9 феврали соли 2018  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Америка дар самтҳои гуногун муҳокима гардид.

9 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии дандонпизишк.

 РӮЙДОДҲО:

9 феврали соли 2009  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой»-ро баррасӣ кард.

***

9 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии фаъолияти Ҷамъияти саҳомии «Фонди сармоягузории мустақими Қазоқистону Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

9 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи шуъбаи фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли  2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия  маросими ифтитоҳи 9-умин Фестивали байналмилалии шоҳмоти кушод «Aeroflot Open 2010» оғоз гардида, 17 феврал ба анҷом расид. Ду шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов ва Соҳиб Ҷураев дар он иштирок намуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1909 аввалин маротиба дар ИМА паҳн кардани маводи мухаддир расман манъ карда шуд.

Февраль 9, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш