ТАВАҶҶУҲ! Боронҳои беист ва афзудани тармафароӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ зарурати қатъи бо фосилаи ҳаракати нақлиётро пеш овард
ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Боронҳои беист ва бо сабаби гармшавии ҳаво афзудани тармафароӣ зарурати бо фосилаи нисбатан кам қатъ намудани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе — Чаноқро пеш оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз бинобар бартарафсозии тармаҳо давоми 1 соат ду маротиба гузариши мошинҳо манъ карда шуд.
«Бояд дар мадди назар дошт, ки дар қиёс ба рӯзҳои қаблӣ хавфи тармафароӣ хеле зиёд аст. Имрӯз теъдоди онҳо аз 10 — то гузашта, ин раванд бардавом мебошад. Дар айни замон бинобар омилҳои гуфташуда ҳаракати нақлиёт, хосса мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳо маҳдуд карда шудааст»,- гузориш доданд дар филиали мазкур.
Ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки моҳияти иқдоми мазкур — таъмини бехатарии онҳо ҳангоми убури роҳи Душанбе — Чаноқро дарк намуда, зимни ҳаракат бодиққат бошанд.
АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






