Телевизиони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 25.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон телевизиони донишгоҳ таъсис меёбад. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои телевизион оғоз гардидаанд. Ин матлаб зимни вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети журналистика таъкид карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Бо пешниҳоди роҳбарияти донишгоҳ дар сатҳи факултет журнали илмии «Журналистика» таъсис дода шуда, дар он мақолаҳои илмии устодони соҳибқалам, ки дар конференсияҳо маъруза мекунанд, нашр карда мешаванд.
Зимни вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавридӣ барасӣ қарор гирифта, иброз гардид, ки фаъолияти тамоми сохторҳои факултет таҷдиди назар гардида, корро дар ҳамаи самтҳо ҷоннок намудан зарур аст.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






