Тоҷикистон соли 2022 ба маблағи зиёда аз 2 миллиард доллар маҳсулот содирот намудааст
ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли 2022 ба хориҷи мамлакат ба маблағи 2 миллиарду 142 миллион доллар маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2021 7,6 миллион доллар кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод.
Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ 2 миллиарду 88 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 миллион доллар ё 1,2 фоиз коҳиш ёфтааст.
Соли 2022 66,7 ҳазор тонна пиёз ба маблағи 6769,1 ҳазор доллар содирот гардида, нисбат ба соли гузашта 29,2 ҳазор тонна кам мебошад. Дар айни замон содироти пиёз муваққатан манъ карда шудааст.
Бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ Агентии содирот дар оянда нақша дорад, ки дар Ҷумҳурии Туркия, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис диҳад.
Гуфта шуд, ки бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ дар айни замон Агентии содирот бо корхонаҳои бузурги содироткунанда ҳамкорӣ намуда, нақша дорад, ки маводи таблиғотӣ ва маҳсулоти содиротии корхонаҳои мазкурро дар сомонаи Агентӣ ҷойгир намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва истеҳсолкунандагону содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати сари вақт баррасӣ намудани дархостҳои харидорони хориҷии боэътимод тавасути сомона роҳандозӣ намояд.
Инчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 110 мамлакат, аз ҷумла бо 10 мамлакати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 100 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ ба роҳ монда, аз ҷумла ба 52 давлат маҳсулот содирот кардааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад






