««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шоҳҷоиза барои ғолибон дар ҳар гурӯҳи ин озмуни ҷумҳуриявӣ 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз рӯйи чор гурӯҳ ва як номина соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 25 ҳазор сомонӣ то 50 ҳазор сомонӣ мешаванд. Шоҳҷоиза барои ғолиб дар ҳар гурӯҳ 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2023 даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор давр аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он аҳолии мамлакат, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд.
Нафароне, ки мехоҳанд дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» иштирок намоянд, метавонанд барои маълумоти муфассал ба масъулони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телефонҳои 904 29 22 66; 225 84 26; Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — 221 40 65; 221 15 11; Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — 221 37 42; 221 20 93 ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — 221 06 32; 221 89 76; 221 02 76 тамос гиранд.
Ҳамчунин хоҳишмандон метавонанд маълумоти заруриро аз сомонаҳои www.president.tj, www.khovar.tj, www.maorif.tj, www.vfarhang.tj, www.anrt.tj ва www.kmt.tj пайдо намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






