ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Кӯлоб ба 20 нафар занону духтарон касби дӯзандагӣ меомӯзонанд

Февраль 6, 2023 13:44

ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб 20 нафар занону духтарон давоми ду моҳ ҳунари дӯзандагӣ меомӯзонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Бояд гуфт, ки бонувон пас аз хатми омӯзиш дар ин муассиса соҳиби шаҳодатнома гардида, фаъолияти худро дар ин самт тақвият мебахшанд ва бо ҷои кор таъмин мешаванд. Ҳамчунин онҳо имкони таъсиси дӯконҳои дӯзандагии шахсиро пайдо намуда, дигаронро бо кор ва бозори дохилиро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 23 октябри соли 2022 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб» оғоз бахшиданд.

Дар муассисаи мазкур бо назардошти талаботи замони муосир барои омода кардани шаҳрвандон ҷиҳати фаъолият дар бахши хусусӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Бино дорои 16 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ду синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн барои духтарон ва писарон мебошад.

Ташаккули соҳибкорӣ маҳорати баланд, ихтисосмандӣ ва донишҳои муосирро талаб мекунад. Бо назардошти ҳамин дар доираи мизҳои мудаввар, мастер-классҳо ва экспресс-курсҳо шаҳрвандон ба омӯзиши касбҳои сартарошӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ ва компютерӣ фаро гирифта мешаванд. Тадбирҳои омӯзишӣ ройгон сурат гирифта, хоҳишмандон имконият доранд, ки донишҳои худро дар самти бахши хусусӣ тақвият диҳанд ва фаъолияти соҳибкории худро ташкилу таҳким бахшанд.

Дар омӯзиши касби дӯзандагӣ давоми ду моҳ 10 нафар соҳибкасб гардонида мешаванд. Барои касбҳои сартарошӣ ва ороиши рӯю мӯй давоми як моҳ омӯзиш сурат мегирад.

Дар Тоҷикистон барои татбиқи ғояҳои соҳибкорӣ имконият зиёд аст ва ба омӯзиш фаро гирифтани шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб метавонад барои афзун шудани муваффақият ҷиҳати амалӣ гардидани нақшаҳои намояндагони бахши хусусӣ мусоидат намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ масъулинро барои истифодаи пурраи имконияти фароҳамшуда ва омода кардани шаҳрвандон ҷиҳати фаъолият дар бахши хусусӣ вазифадор карданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Февраль 6, 2023 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Таҷрибаи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷамъбаст гардид
Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба нақши зан дар Туркманистон иштирок намуд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Дар Бадахшон даври вилоятии озмун ҷамъбаст гардид
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо равона шудааст
Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд