ҚУТОСПАРВАРӢ ДАР МУРҒОБ. Барои зиёд кардани саршумори он барномаи махсуси давлатӣ қабул шудааст
ХОРУҒ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даҳ сол пеш саршумори қутос дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ба 12 ҳазор сар коҳиш ёфт. Сардии ҳаво, норасоии хӯроки кофӣ ва хариду фуруши аз меъёр зиёд гушти қутос сабаби аслии кам гардидани қутос дар қаламрави вилоят гардид. Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар минтақаи Помири Шарқӣ беш аз 24 ҳазор сар қутос парвариш меёбанд, ки бештар аз 19 ҳазор сари он ба ноҳияи Мурғоб рост меояд, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Раҷаббек Раҷаббеков гуфт, ки «қутоспарварӣ дар мамлакат яке аз соҳаҳои муҳими чорводорӣ ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони он таваҷҷуҳи хосса равона намуда, баҳри зиёд кардани саршумори ин намуди чорво барномаи махсуси давлатӣ қабул намудааст. Иқлими ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб назар ба дигар ноҳияҳои кӯҳӣ барои рушди қутоспарварӣ хеле мутобиқ аст. Танҳо дар канори яке аз зеботарин кӯлҳои ин ноҳия- Зоркӯл зиёда аз 9 чарогоҳи зимистона мавҷуд буда, дар ҳар яки ин чарогоҳҳо то 100 сар қутос парвариш меёбад. Гарчанде зимистони соли равон сард бошад ҳам, бориши ками барф дар ин минтақа имконият фароҳам овард, ки чорво аз рустаниҳои чарогоҳҳои табиӣ бештар истифода барад».
Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят, «яке аз хатарҳое, ки ба рушди ин соҳа монеа эҷод мекунад, ин сардии ҳаво ва бориши пай дар пай мебошад. Агар барф зиёд набошад, қутос бе ягон мушкилӣ гиёҳу алафҳои табииро пайдо мекунад, аммо агар замин пурра барфпӯш бошад, қутос гурусна ва аз ҳаракат боз монда, аз по меафтад. Ҳоло ҳарорати ҳаво дар ноҳия муътадил аст ва ҳайвонот аз хӯроки табиӣ истифода мебаранд. Сарфи назар аз ин. дар назди ҳар як чарогоҳ хӯроки кофӣ захира шуда, дар сурати тағйири ҳаво чорво дар муддати то як моҳ аз хӯрок таъмин мегардад».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб барои чорводорон низ шароити хуби маишӣ фароҳам овардааст. Яке аз чорводорон, ки худро Ҳакимбек Хисравов муаррифӣ кард, изҳор намуд, ки «шаш сол боз дар мавзеи Қумбӣ ба чорвопарварӣ машғул аст ва ҳоло дар чарогоҳаш каме бештар аз 90 сар қутос дорад. Дар ин рӯзҳои моҳи январ ҳанӯз ҳарорати ҳаво муътадил аст, агарчӣ каме сард аст, аммо муҳим ин ки рӯи заминро барфи ғафс напечонидааст ва чорво аз алафи табиии қад-қади сойҳо баҳра мегирад. Барои беталаф паси сар кардани зимистон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд».
«Барои мо, чорводорон низ шароити хуб фароҳам шудааст. Ҷои зистамон ба панелҳои офтобӣ васл шудааст. Ба василаи неруи офтоб ҳам хонаамон равшан аст ва ҳам шабона барномаҳои шабакаҳои телевизионии ватанӣ ва беруниро тамошо мекунем», — афзуд Ҳакимбек Хисравов.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






