Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба Афғонистон дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 март дар шаҳри Деҳлии Нав ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба Афғонистон дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор/фиристодагони махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни нишаст ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва гуманитарии вазъи кунунӣ дар Афғонистон, хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз ҳудуди ин кишвар бармеоянд, инчунин роҳу усулҳои муқовимат ба чолишҳои минтақавӣ табодули назар намуданд.
Ҳамчунин намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ низ роҷеъ ба фаъолияти хеш дар Афғонистон дар самти рафъи оқибатҳои буҳрони гуманитарӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот манзур карданд.
Дар поёни ҷаласа изҳороти муштарак қабул карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






