«Амонатбонк» ва «CITI BANK» дар сатҳи амалиёти бонкӣ ҳамкории мутақобилан суманд ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик «Амонатбонк» бо «CITI BANK»-и Британия Кабир ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда, онро густариш медиҳад. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва Мудири иҷроияи кор бо институтҳои молиявии «CITI BANK» Азиз Рахман дар дафтари марказии «CITI BANK» дар Лондон баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон дурнамои ҳамкориро байни «Амонатбонк» ва «CITI BANK» баррасӣ намуданд. Ҷониби «CITI BANK» изҳор дошт, ки ояндаи наздик омода аст ҳамкорияшро бо «Амонатбонк» дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монад.
Тибқи хабари манбаъ, масоили муҳиме, ки дар ҷараёни мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин омодагӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи амалиёти бонкӣ буд.
Роҳбарияти «Амонатбонк» иброз дошт, ки нишондиҳандаҳои молиявӣ дар чанд соли охир имкон медиҳанд, ки Бонк дар дилхоҳ самт ҳамкорияшро бо бонкҳои бонуфуз ва ташкилоти молиявии байналмилалӣ ба роҳ монад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






