«APНO 2023» ВА «EUPHO 2023». Дар Душанбе даври дуюми интихобӣ-ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ баргузор мешавад

Март 24, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 24.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27-28 март дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» — и шаҳри Душанбе даври дуюми интихобӣ -ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «APhO 2023» ва «EuPhO 2023» аз фанни физика баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар олимпиадаи мазкур 56 хонандаи вилоят фаъолона иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври дуюми он роҳхат мегиранд.

Ҷараёни олимпиадаи мазкур тавассути барномаи назоратии «Google Meet» сурат мегирад.

Хотиррасон бояд намуд, ки даври ниҳоии 23-юми олимпиадаи байналмилалии Осиёии «APhO2023» 21-29 май дар шаҳри Улан-Батори Ҷумҳурии Муғулистон ва Олимпиадаи 7-уми байналмилалии аврупоии «EuPhO 2023» 16-20 июн дар шаҳри Ганновери Олмон гузаронида мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Март 24, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд