«Аё модар! Замину осмони ман ту ҳастӣ». Дар Норак таҳти ин унвон ҷамъомади фарҳангӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Аё модар! Замину осмони ман ту ҳастӣ» — таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи Модар дар Гимназияи давлатии рақами 1-и шаҳри Норак ҷамъомади фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Дар ҷамъомад нотиқон оид ба нақши муҳиму арзишманди модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Зан- Модар меҳр ва таваҷҷуҳи хосса дошта, иброз менамоянд, ки «имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Иштирокдорон тазаккур доданд, ки дар ҳақиқат маҳз модар дар қалби фарзанд тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва накӯкорӣ мекорад, то дар оянда насли наврас чун шахсони масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.
Барномаи рангин аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагони гимназия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС :Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






