Ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 116 млн сомонӣ кумак расонида шуд

Март 2, 2023 15:39

ДУШАНБЕ, 02.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида ба 220 000 оила аз табақаҳои осебпазири аҳолии Точикистон  дар маҷмуъ 116 млн 178 ҳазору 464 сомонӣ кумак расонида шуд. Дар ин хусус сардори шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Соима Муҳаббатова зимни баргузории маҳфили «Тавозун» иттилоъ дод.

Дар маҳфили иқтисодии «Тавозун», ки 28 феврал дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гашт, беш аз 30 намояндаи вазорату идораҳои давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон мавзӯи механизми таъйин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (КУИ) дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Номзади илмҳои иқтисодӣ ва корманди Институти иқтисодиёт ва демография Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарида Муминова дар робита ба яке аз бахшҳои асосии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 – бахши ҳифзи иҷтимоӣ баён дошт, ки ҳадафи стратегии мамлакат баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи мавсуф, яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд -2030- ин фаро гирифтани ҳамаи минтақаҳои мамлакат бо кумакҳои унвонии иҷтимоӣ буд, ки аллакай пурра амалӣ гардид. Ҳоло он дар 68 шаҳру навоҳии мамлакат амалӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки стратегияи миллӣ дар се марҳила амалӣ карда мешавад. Марҳалаи аввал- ин давраи гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ дар мамлакат, давраи дувум- марҳилаи рушди суръатнок, ки ба ҷалби сармоягузориҳо асос ёфтааст ва давраи сеюм- марҳилаи ба анҷом расонидани саноатикунонии босуръат ва ташаккули иқтидорҳо барои рушд дар асоси дониш ва навовариҳо мебошад. Барои татбиқи ин марҳилаҳо барномаҳои махсуси алоҳида қабул гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз рўи сенарияи дурнамосозӣ агар соли 2022 андозаи кумакпулӣ 512 сомониро ташкил медод, пас соли 2025 андозаи он то ба 1406 сомонӣ ё зиёда аз он баланд бардошта мешавад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, соли 2022 ба зиёда аз 240 ҳазор нафақагирон ба маблағи 144, 2 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ кумаки яквақта пардохт карда шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод.

«Маблағи мазкур бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2022 «Дар бораи пардохти кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» ба нафақагирони гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, маъюбон, кӯдакони ятим ва бе саробон расонида шуд»,-иброз дошт директори агентӣ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 2, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд